Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Суруди Истиқлолият

3 майи соли 2019 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев консерти ҳисоботӣ ба ифтихори Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мусиқишиносону оҳангсозон ва волидони муҳассилини мактаб иштирок доштанд. 

Чун анъана барномаи консертӣ бо суруди умумӣ ҳусни ифтитоҳ ёфт ва гурӯҳи ҳамсароён «Суруди истиқлолият»-ро бо оҳанги композитори маъруфи тоҷик Талабшо Сатторов иҷро карданд. 

Ҳунарнамоии хонандагони мактаб далели он буд, ки соли 2019 барои онҳо соли пурмаҳсул буд ва санъаткорони ҷавонро боз ба як зинаи баландтари санъати мусиқии тоҷик баровард. 

Дар фарҷом ҷонишини директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев М. Суяров, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Х. Низомов ва директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ Қ. Маллаев суханронӣ намуда, хонандагонро бо муваффақият табрик гуфтанд ба дар таҳсили оянда бурдбориҳо таманно намуданд.