Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар маҳфили адабии «Шоми Хайём» рубоиёт бо забонҳои гуногун қироат гардиданд

Шоми 2 майи соли 2019 дар чойхонаи «Роҳат» ба ифтихори зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Умари Хайём маҳфили адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Хаём» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шоирону нависандагон, ҳунарпешагон, дӯстодорони илму адаб ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. 

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар меҳмонони чорабиниро бо лаҳни зебои тоҷикӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Умари Хайём шоире мебошад, ки ашъораш ба тамоми забонҳои дунё тарҷума шудааст. Сипас хонум Ясмин Гуедар рубоиёти Хайёмро бо забони фаронсавӣ қироат намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки барандаи маҳфил буд, иброз дошт, ки рубоинависӣ на шуғли асосӣ, балки шуғли дӯстдошта ва иловагии олим, риёзидон ва ситорашинос Умари Хайём буда, ӯ рубоинависиро дар пайравии устоди худ Абӯалӣ ибни Сино пеша кардааст. «Аммо имрӯз рубоиёти Умари Хайём тамоми гӯшаҳои дунёро тасхир кардааст»,- иброз дошт Гулрухсор. 

Сипас Сафири Бритониёи Кабир Ҳаг Филпотт бо забони тоҷикиву англисӣ, мушовири Сафири Ҷопон Томоҳиро Накагаки бо забони ҷопонӣ рубоиёти Умари Хайёмро қироат намуданд. 

Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон аҳли нишастро бо зодрӯзи шоир табрик гуфта, иброз дошт, ки рӯзе қабл чунин маҳфил ба ифтихори зодрӯзи Умари Хайём аз ҷониби Сафорати Россия дар ҳамроҳӣ бо намояндагии Россотрудничество баргузор гардида буд. 

Инчунин намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ як рубоӣ қироат намуд. 

Ансамбли фолклории «Помир» бо роҳбарии ҳунарпешаи шинохта Соҳиба Давлатшоева ва Ақназар Аловатов рубоиёти Умари Хайёмро таҳти оханги мусиқӣ сароиданд, ки ин чорабиниро боз зеботар гардонид. Инчунин сарояндаи маъруф Мушаррафа Қосимова бо сурудани чанд рубоӣ хотири ҳамагонро болида гардонид. 

Аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил рубоиёт бо забонҳои фаронсавӣ, озарӣ, туркӣ, грузинӣ, яғнобӣ, помирӣ, русӣ, бо лаҳни эронӣ ва дигарҳо забонҳо садо доданд. Аксари меҳмонон аз рубоиёти Умари Хайём илҳом гирифта, таҳти оҳанги мусиқӣ рақсиданд ва ба Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои ташкили чунин маҳфили ҷолиб изҳори миннатдорӣ намуданд. 

Маҳфил хеле хотирмон сурат гирифт.