Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Музаффар Давлатзода, муовини Вазири фарҳанги ҶТ: «Пешвои миллат нисбат ба тақдири шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи зисташон бетафовут нестанд»

 

Бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакони тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ин амали Сарвари давлатро иқдоми ҷавонмардонаю ватанпарварона номида, аз ҷумла чунин изҳор дошт:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни ҳар суханронии хеш таъкид менамоянд, ки «вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди баору номус ва бонанги ҷомеа аз он иборат мебошад, ки  маҷмӯи арзишҳои олии  милливу диниамон- некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намояд».

Иқдоми хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон аст, ки 84 нафар кӯдаки тоҷикистонӣ аз мамлакати ҷангзадаи Ироқ ба Ватан, ба назди пайвандонашон баргардонида шуданд. Падару модари онҳо гумроҳ шуда, фирефтаи суханҳои «ояндаи дурахшон»-и душманони аҳли башар гардиданд ва ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» шомил шуданд. Ҳоло бархеи онҳо дар ҷараёни ҷангҳои харобиовар фавдидаю баъзеи дигарашон дар боздоштгоҳҳои Сурияу Ироқ зиндониянд. Ба хиёнати азим- ватанфурӯшии волидайни онҳо нигоҳ накарда, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали бузурги инсондӯстона ба ҷо оварданд ва кӯдакони бегуноҳу ҳанӯз шаҳди зиндагӣ начашидаро зери ҳимояи худ гирифтанд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллатамон мардуми Тоҷикистонро дар ҳама ҳолат зери ҳимояи хеш қарор дода, ба онҳо арҷгузорӣ менамоянд. Сокинони Тоҷикистон ҳам ин падидаҳои олии башардӯстонаро дида, бояд дарк намоянд, ки миллат, давлат, модар ва Ватан муқаддасанд. Бояд онҳоро ҳамеша ҳимоя кард, азиз дошт ва баҳри ҳифзи Ватани хеш, агар лозим ояд, синаро сипар кард.

На ин ки мисли бархе ҷавонони беандешае, ки хизмат ба Ватану модар ва миллати хешро фаромӯш карда, ба доми хиёнаткорону ватанфурӯшон меафтанд ва барои маблағи ночизе ҳаёти худу оила ва фарзандонашонро ба хатар мегузоранд.

Тавре мо медонем, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ин кӯдакони тоҷик низ дар мамлакатамон зери тарбия ва таълим қарор мегиранд. Ба онҳо ҳама гуна кумакҳои моддӣ ва маишӣ расонида шуда, ҳар яки онҳо бо ғамхории доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯзҳо шоҳиди бедодгариҳо, харобкорию амалҳои ғайриинсонии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» гардида истодаем. Имрӯзҳо шаҳрҳои зебои давлатҳои дорои тамаддуни ғании чандинҳазорсолаи Сурия, Ироқ, Яман харобу валангор гаштаанд. Садҳо ҳазор одамон куштаву миллионҳо нафар бе хонаю ҷой шуда, фирорӣ мебошанд. Магар ҳамин зиндагӣ аст? Ку амалҳои инсондӯстона? Чаро одамҳо дидаву дониста ба сӯи марги хеш гом мениҳанд? Магар инсони солимақл метавонад, ки харобкор бошад? Дар кадом асру замон ҷанг, куштору ғорат сабаби осудагию сарбаландӣ гардида буданд? Онҳо ба ҷуз вайронӣ, харобӣ, яъсу навмедӣ, ошуфтахотирӣ, хонавайронӣ ва маргу мир дигар чизе намеоранд!

Мардуми Тоҷикистон бояд бо ақли хеш ба атроф назар карда, шукри фазои сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободӣ, якдигарфаҳмии қавму миллатҳои Тоҷикистонро намуда, баҳри баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт, иқтисодиёт ва дигар шохаҳои давлатдорӣ самарабахш меҳнат намоянд.

Худои таъоло дар Қуръони карим зимни хитоб ба аҳли имон мефармояд: «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст…» (сураи «Анъом, ояти 160».

Баргардонидани 84 нафар кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати мамлакат баъзе аз шаҳрвандони кишварро, ки гумроҳ гардида, ба сафи ДИ пайвастанд, баъдан пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргашта буданд, авф намуда буд. Амалкарди мазкур ифодагари иқдомҳои башардӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки намехоҳанд ягон кӯдаки тоҷик берун аз Ватан азият бинад. Ин гуфтаи Президенти Тоҷикистон, ки «ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона аз мадди назар дур  нахоҳад монд», рисолат ва амали содиқонаю ҷавонмардона нисбат ба Ватану миллат мебошад.

Рафтори ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар ҳолест, ки дар Аврупо бархе одамон аз тарбияи фарзандони худ даст мекашанд. Ин  бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат доимо дар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи зисташон бетафовут нестанд.

 

АМИТ «Ховар»