Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили «Нури маърифат» бахшида ба 45-солагии фаъолияти Раҷабмад Амиров

2 майи соли 2019 соати 16:00 дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода маҳфили илмӣ-фарҳангии «Нури маърифат» бахшида ба 45-солагии фаъолияти ходими давлатӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, Узви вобастаи академияи байналмилалии иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Раҷабмад Амиров баргузор мешавад.

Дар маҳфил, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи мазкур ташкил мегардад, филми мустанад бо номи «Дар пайроҳаи зиндагӣ» ва маърузаҳо оид ба фаъолияти Раҷабмад Амиров, инчунин барномаи ҳунарӣ пешниҳоди меҳмонон мегардад.

РАҶАБМАД АМИРОВ

Соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) - ро хатм намудааст. Соли 1977 хизмати ҳарбиро дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон адо намудааст. Солҳои 1977- 1979 муаллими кафедраи фарҳангу маърифати донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1979 ба аспирантураи Институти давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. К. Крупская дохил гардида, онро соли 1982 бомувафаққият анҷом дод. Соли 1983 рисолаи номзадиро дар соҳаи фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Роҳбарии педагогӣ ба шаклҳои ғайриклубии эҷодиёти бадеии халқ” дифоъ намудааст.

Солҳои 1983 -1989 декани факултети маданию маърифатӣ, 1989 - 1990 ноиби ректор оид ба илм, 1990-2001 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буд. 

Дар давраи роҳбариаш муносибатҳои байналмилалии донишкада бо донишкадаву донишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тақвият бахшида, дар заминаи он тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Федератсияи Россия ва Украина, ҳамзамон, гузарондани таҷрибаҳои истеҳсолии донишҷуён дар Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои назди Балтика ба роҳ монда шуд. Дар ин давра якчанд конференсияҳои умумииттифоқӣ бо иштироки олимони Россия, Украина, Ӯзбекистон ва Қазоқистон доир гардид. Дар донишкада ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ- педагогӣтаваҷҷуҳи хос зоҳир гашта, як зумра омӯзгорони донишкада, аз ҷумла Н. Ҳалимов, Б. Каримов, С. Шосаидов рисолаҳои номзадии худро дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ҳимоя намудаанд. Дар ин давра як қатор ихтисосҳои нав: ”Рӯзноманигори телевизион”, ”Коргардони телевизион”, ”Рассомӣ”, ”Сайёҳӣ”, ”Менеҷмент дар соҳаи фарҳанг ” таъсис дода шуд. Сипас, Раҷабмад Амиров ба хизмати давлатӣ пардохт. Солҳои 2001-2004 дар вазифаҳои муовини якуми вазир, 2004-2006 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007 - 2014 ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ифои вазифа намудааст. Аз соли 2014 то имрӯз ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар солҳои ба сифати вазири фарҳанги ҷумҳурӣ кор карданаш, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (2005)”, ”Рӯзҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, шаҳри Париж (2005)”, “2500 – солагии Истаравшан”, ”2700- солагии шаҳри Кӯлоб” бо ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд, ки обрӯ ва эътибори давлати Тоҷикистон ва фарҳанги онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. 

Дар таҳияи “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”(с. 2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” (с.1997) саҳми бориз гузоштааст. Муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илмию фарҳангӣ, аз ҷумла ”Усули тайёр намудани сенарияи клубҳо”(1980), ”Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва маҳалли зист”(1983), ”Тайёр намудани кадрҳо дар давлати соҳибистиқлол ҳамчун омили инкишофи фарҳангӣ”(1999), ”Истиқлолияти фарҳангӣ” (2001), ”Эронзамин ва густариши фазои маънавии байналмилалӣ”(2002), ”Матбуот- оинаи ҳаёт”(2004), ”Бозтоби фарҳанг”(2005) мебошад. Китобҳои “Падидаи муҳими фарҳангӣ” (2015), “Падидаи муҳими фарҳангӣ” (2015), ”Развитие театрального исскуства в годы независимости ”(2016), “Дастовардҳои бузурги байналмилалии фарҳанг дар даврони истиқлол” (2016), “Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ”(2016), “Культура Таджикистан в условиях независимости”(2017), “Фарҳанг омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ” (2017), “Истиқлолияти фарҳангӣ: дастовардҳо ва ояндабинии он” (2018) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. 

Дар давраи ба сифати ректори Консерваторияи миллӣ кор карданаш панҷ (5) лоиҳаи грантӣ таҳия намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи он фестивалҳои байналмилалии мусиқии касбӣ таҳти унвони ”Баҳористон (2007-2008-2009-2010-2011)” доир карда шуданд. 

Профессор Р. Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Фестивали байналмилалии ”Садои дилҳо”, Фестивали байналмилалии ”Фалак”, Фестивали байналмилалии мусиқӣ таҳти унвони ”Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)”мебошад, ки дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ доир гардиданд.

Намояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе (солҳои 1990-1995) ва ноҳияиСиноишаҳриДушанбе (солҳои 2001-2005) буд. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия (аз соли 1998), Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ (аз соли 2012 то ҳол) мебошад. 

Раҷабмад Амиров бо медалҳои ”Остона”- и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии “Мин-он” Ҷопон (2005), “10 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ” (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи 2, соли 2005) мукофотонида шудааст. Номзади илмҳои педагогӣ (1982), профессор (1992), Арбоби Ҳунари Тоҷикистон (1997), узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот (1999) мебошад.