Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври аввали «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» дар Бадахшон идома дорад.

 

Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рўшон, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври аввали озмуни «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» баргузор гардида дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома дорад.

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи фарҳанги вилоят ҳайати ҳакамон ба ноҳияҳои вилоят сафар намуда, ҳунарнамоии иштирокчиёни даври аввалро дар ҳамаи номинатсияҳо баҳогузорӣ мекунанд.

Сардори ҳайати ҳакамони озмун дар вилоят сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов буда, ба ҳайат директори осорхонаи вилоятӣ, сардори раёсати кинои «Тоҷикфилм» дар ВМКБ, мутахассиони бахши фарҳанги вилоятӣ ва намояндагони телевизион шомил мебошанд. 

Дар ноҳияи Шуғнон аз 35 нафар иштирокчиёни даври аввал 10 нафар, ноҳияи Ванҷ аз 40 нафар 7 нафар, ноҳияи Дарвоз аз 37 нафар 17 нафар, ноҳияи Рӯшон аз 31 нафар 10 нафар, ноҳияи Ишкошим аз 40 нафар 14 нафарашон ба даври вилоятӣ барои иштирок роҳ дода шуданд. 

Инчунин ба ғолибони ҷои аввал дар сатҳи ноҳиявӣ 150 сомонӣ, ба гирандагони ҷои дуюм 100 сомонӣ ва ба нафароне, ки ҷои сеюмро соҳиб шуданд, 50 сомонӣ тақдим гардид. 

Сардори ҳайати ҳакамон Сайёд Қурбонмамадов ба нафароне, ки ба даври дуввум роҳхат гирифтанд, таъкид намуд, ки барои даври вилоятӣ омодагии ҷиддӣ дида, пайваста тамрин ва камбудиҳоро бартараф намоянд. 

Боиси зикр аст, баргузории озмун дар ҳамаи ноҳияҳо ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфта, ҳунарнамоии иштирокчиён аз ҷониби аҳолӣ хеле хуш пазируфта шуданд.