Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишгоҳи асарҳои рассомӣ «Эҷод аз нигоҳи наврасон»

Дар бинои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи асарҳои рассомӣ таҳти унвони «Эҷод аз нигохи наврасон» дари худро ба рӯи ҳаводорони санъати тасвирӣ боз кардааст.

Намоишгоҳ аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ба ифтихори Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дар он 120 асар ба маъзари тамошо гузошта шудааст. 

Муаллифи асарҳои мазкур 56 нафар хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев мебошанд. 

Дӯстдорони санъати тасвирӣ тӯли 10 рӯз метавонанд аз намоишгоҳи мазкур дидан намоянд.