Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фарҳанг василаи муҳими муаррифии халқу миллат ба ҷаҳониён мебошад. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии фарҳанг

 

15 апрел дар бештари давлатҳои дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии фарҳанг таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана дар Вашингтон бо имзо шудани шартнома «оид ба ҳифзи муассисаҳои илмию бадеӣ ва осори таърихӣ» алоқаманд аст.

Инчунин моҳи декабри соли 2008 бо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятии Россия, Италия, Испания, Аргентина, Мексика, Куба, Латвия, Литва, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ташкил гардиданд, ки онҳо бо шиору овезаҳои гуногун Рӯзи ҷаҳонии фарҳангро 15 апрел эълон намуданд. Минбаъд санаи мазкур дар бисёре аз кишварҳои олам таҷлил карда мешавад.

Дар робита ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА   суҳбат орост.   

АМИТ «Ховар»: Мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо шинохта шудааст. Ҳамзамон имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ба ҳам омадани тамаддунҳо метавонад мардумонро наздику дӯст гардонад. Андешаи Шумо вобаста ба ин нукта.

Шамсиддин Орумбекзода: Албатта, кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавии фарҳанг, падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Мо ҳама вақт таъкид менамоем, ки мардуми мо соҳибтамаддун ва фарҳангӣ мебошад. Мафҳуми фарҳанг таърихан маънои тарбия, арҷгузорӣ ва инкишофро дошта, амалан татбиқ гардидани арзишҳои умумибашарӣ ва маънавиро ифода мекунад. Хулосаи олимон дар бобати фарҳанг он аст, ки фарҳанг тарзи ҳаёт аст ва дар ин услуб он эҷодиёти бошууронаи худи зиндагист. Ба фикрам он нуктаро ҳеҷ кас инкор намекунад, ки фарҳанги миллии тоҷик бо вуҷуди таърихи антиқиаш, бахусус дар даврони истиқлолияти кишвар хусусияти хосса касб карда, эҳёи суннатҳои тоҷикӣ, тақвияти худшиносӣ, ватанпарварию арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар дар рӯзгори кунунии мо ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, таърихи 28-солаи фарҳанги кишвар дар таносуб бо тамоми таърихи фарҳангии миллати антиқиамон дар таърихномаи фарҳанги кишвар мавқеи хосса дорад. Биноан, хулосаи аксари сиёсатшиносону пажӯҳишгарони фарҳанг дар бобати он, ки дар роҳи худшиносии таърихиву миллӣ, эҳёи суннатҳо, рушди илму адаби тоҷикон истиқлолияти давлатиро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, авҷи камолоти давлатдорӣ, даврони ташаккули неруи ақлу заковати созанда ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд, ҳақиқати бебаҳс аст.

Аз файзу баракати истиқлолият сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад. Маҳз дар ин давра робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон густариш ёфта, мақоми шоиста пайдо намуд. Мисоли равшан баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дигар давлатҳо мебошад, ки расму оинҳои моро ба якдигар шинос месозанд. Албатта, имрӯз бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Нақши фарҳанг дар ба ҳам овардани халқияту миллатҳо хеле назаррас аст. Тавре медонем, чанде пеш Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар доир гардиданд. Оё баргузории ин гуна барномаҳо метавонад дар муттаҳид сохтани фарҳангҳо саҳм гузорад?

Шамсиддин Орумбекзода: Дар бисёр мавридҳо баргузории ин гуна барномаҳо муштарак аст. Ба кадом кишваре, ки мо сафар мекунем, онҳо низ ба мамлакати мо омада, фарҳангу маънавиёти худро намоиш медиҳанд. Имрӯз ҳофизону навозандагони мо қариб ба тамоми оҳангҳои кишварҳои дунё менавозанд. Мисоли равшан ин аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон моҳи октябри соли 2018 барномаҳои фарҳангии «Шоми дўстӣ» дар ҳар ду кишвар дар сатҳи шоиставу арзанда баргузор гардиданд. Бешубҳа, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ миёни ду кишвар мебошад. Соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он Барномаи иҷроияи ҳамкории фарҳангӣ байни Кумитаи давлатии фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Моҳи октябри соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 350 нафар аҳли адаб ва фарҳанг дар сатҳи арзанда доир гардида, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург бо иштироки 52 нафар ҳунармандон баргузор гардиданд.

Тибқи ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018 чорабинии фарҳангӣ дар Давлати Кувайт ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ташкилӣ баргузор гардиданд. Бояд гуфт, ки имрӯз муносибатҳои фарҳангии давлати мо бо ҳамаи мамлакатҳои дунё хуб шудааст.

АМИТ «Ховар»: Президенти мамлакат борҳо фарҳангро воситаи муҳими муаррифии халқу миллат ба ҷаҳониён арзёбӣ намуданд. Ба андешаи Шумо, оё имрӯз ҳунармандони кишвар аз уҳдаи иҷрои ин рисолат ба хубӣ баромада истодаанд?

Шамсиддин Орумбекзода: Албатта, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти бузургу рисолати беназири фарҳанг ишора карда, дар ин бобат гуфтааанд: «Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу миллат ба ҷаҳониён шинохта шудааст».

Дар айни замон мо кӯшиш карда истодаем, ки тамоми дастовардҳои беҳтарини инсониятро дар фаъолияти фарҳангиамон ҷорӣ кунем. Имрӯз рақси тоҷикиро тамоми ҷаҳониён эътироф кардаанд. Мо даъватномаҳои зиёд аз кишварҳои Африқо, Араб, Чин, Япония мегирем, ки то раққосаҳои мо санъати беназири худро барояшон намоиш диҳанд. Имрӯз агар мо гӯем, ки рақси миллии мо дар радифи рақсҳои машҳури ҳиндӣ ва чинӣ қарор дорад, ҳеҷ муҳобот нахоҳад буд.

Имрӯз бисёре аз сарояндагони кишвар бо шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ ҷашнҳои дохиливу хориҷиро нуру ҷило мебахшанд. Ба ин восита фарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расид. Ҳадафи ин барнома чист ва дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расида истодаанд?

Шамсиддин Орумбекзода: Татбиқ ва амалӣ намудани Барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати ёдгориҳои таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда   бештару беҳтар гарданд. Ин дар навбати худ ҷиҳати афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Тағйироти куллие, ки ба воситаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меоянд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ   мусоидат менамояд.

Тибқи Нақшаи Барномаи мазкур дар ду марҳила корҳои тармиму барқарорнамоии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дар назар гирифта мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавиро ташкил медиҳанд. Инчунин заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои давлатии мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва осорхона-мамнуъгоҳҳо мустаҳкам гардида, онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Иҷрои пурраи Барномаи мазкур ҳамчунин имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ-туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити муфид муҳайё карда шавад.

Сарвари давлат ёдгории Саразмро ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих номида, таъкид карданд, ки бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид. Дар робита бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

АМИТ «Ховар»: Дар самти «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022»  чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

   Шамсиддин Орумбекзода: Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш нисбат ба соҳаи фарҳанг, инчунин камбудиҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, сухан гуфтанд ва ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар робита ба ин супоришҳо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст ва тибқи ин нақша, дар вазорат бояд корҳои зиёд ба анҷом расонда шаванд. Аз ҷумла, масъулини Вазорати фарҳанг бо мудирони Раёсат, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқот доир намуда, оид ба мушкилоту норасоиҳои соҳаи фарҳанг ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи фарҳанг суҳбат намуданд.

Зимни мулоқоти мазкур сарварони бахшҳои фарҳанг муваззаф гардиданд, ки дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ва тайёр кардани мутахассисони соҳа  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ озмунҳо, семинару тренинг ва конференсияҳои илмӣ-назариявӣ гузаронида мешаванд, то сатҳи тахассусии кормандони соҳа ба талаботи рӯз ҷавобгӯ гардад.

АМИТ «Ховар»: Ҷаҳонишавии фарҳангҳо сабаби он шудааст, ки ҷавонони имрӯза бештар ба фарҳанги ғайр рӯ оваранд. Чӣ бояд кард, то анъана ва урфу одатҳои миллӣ аз байн нараванд?

Шамсиддин Орумбекзода: Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд.

Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки танҳо донистани таъриху тамаддуни халқи худ, бархурдор будан аз суннатҳо ва расму оини фарҳангии мардуми хеш, омӯзишу дарки мероси бойи гузаштагони илму адаби миллатамон моро аз ҳар гуна таҳдид ва хавфу хатари ҷаҳонишавӣ ва равияву тамоюлҳои бегонаву ифротгаро ҳифз намуда, ба рушду пешрафти давлат ва ҳифзу нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ равона месозад.

АМИТ «Ховар»:  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди кадом иншооти фарҳангиро ба нақша гирифтааст?

Шамсиддин Орумбекзода: Дар айни замон сохтмони Театри миллӣ идома дорад, ки дар назар аст то сисолагии Истиқлолият ба истифода дода шавад. Инчунин соли 2018 барои иншооти сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз буҷет ҷудо гардид. Мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ, барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 440 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда  60 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Дар иншооти «Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод» корҳои сохтмону васлкунии деворҳо, плитаҳои болопўши ошёнаҳои 1-ум, 2-юм ва қисми ошёнаи 3-юми бино ба анҷом расидаанд.
Дар иншооти «Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав», «Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ» корҳои зеризаминӣ, сохтмони пойдеворҳо ва сутунҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расонида, корҳои чиндани деворҳо оғоз ёфтаанд.

Ҳамзамон давоми соли равон Меҳмонхонаи «Фарҳанг» ва Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» фаъолияташонро беҳтар намуда, корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонданд.

 

АМИТ «Ховар»