Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

 

Имрӯз бахшида ба оғози расмииСолҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббусиАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст,ҳамоиши тантанавӣ ва даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо«Сайри гули лола» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи АбулқосимФирдавсӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои муқими Душанбе, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа, муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ҳунармандони кишвар, меҳмонону сайёҳони пойтахт иштирок доштанд.

Дар маросими оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухани ифтитоҳӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронии худ иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, ин соҳа дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумуи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаҳои хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои беҳтарин шароит барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ буда, таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ, обу кулҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвоноти нодир ва манзараҳои беназири табиат захираҳои бузурги рекреатсионию сайёҳӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола қайд карданд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд.

Қобили тазаккур аст, ки саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 фоиз ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 адад расонида шуд. Шумораи ҳуҷраҳо дар субъектҳои хизматрасонӣ (меҳмонхонаву осоишгоҳҳо) соли сипаришуда 7032 ададро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли пеш 3036 адад зиёд аст. Шумораи катҳо ба 15428 адад расонида, нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7200 адад зиёд шуд.

Дар соли 2018 шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4378 нафарро ташкил намуд, ки назар ба соли 2017 ба миқдори 1679 нафар афзоиш ёфтааст.

Даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ соли гузашта 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи 65,2 милллион сомонӣ зиёд аст.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.

Баъд аз сухани ифтитоҳӣ супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” ва барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ доир гашт.

Тибқи барномаи ҳамоиш боздиди иштирокчиёни чорабинӣ аз хатсайри нави сайёҳии “Сайри гули лола”, ки боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанберо фаро гирифта, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ташкил гардидааст, сурат гирифт.

Боиси фараҳмандист, ки меҳмоннавозии суннатии сокинон ва бахусус амнияту осоиштагии пойтахтамон ба раванди рушди сайёҳӣ мусоидат намудааст.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 40 адад меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд.

Ҳамзамон, мавҷудияти боѓҳои фарҳангу фароѓатӣ ва фаввораҳои назаррабо дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони кишвар гаштааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF, ки соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.

Тибқи назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Ҳамчунин, нашрияи “The Independent” пойтахти Тоҷикисто- шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намудааст.

Чорабинӣ бо баргузории ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулин дар бинои Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри дар амал самаранок татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбаст гардид.

 

АМИТ «Ховар»