Сомонаи пешина | Яш, 16 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Вазорати фарҳанг

13 апрели соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони Вазорати фарҳанг, муассисаҳои зерсохтор ва инчунин сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ва сарнозири раёсати мазкур Абдукарим Маҷидӣ иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа фаъолияти муассисаҳову ташкилоти Вазорат дар давраи ҳисоботӣ, санҷиши вазъи ҳуҷҷатнигории шӯъба ва бахшҳои фарҳанг дар як қатор ноҳияҳо, омӯзиши вазъи эҷодию кадрӣ дар муаасисаҳо баррасӣ гардиданд.