Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили «Рӯзи фарҳанг» дар Бадахшон

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят «Рӯзи фарҳанг» бо як шукӯху шаҳомати хоса таҷлил гарид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода баромад намуда, ҳамагонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният гуфт ва ба аҳли фарҳанг комёбӣ ва хушихои рӯзгорро таманно намуд.

Сипас аз номи раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов, шӯъбаи фарҳанги вилоят ва иттифоқи касабаи вилоят ба кормандоне, ки дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми муносиб гузоштанд , Ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. 

Барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят хотири иштирокдоронро шод гардонда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.