Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзҳои кинои тоҷик дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешаванд

 

Рӯзҳои 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешаванд.

Тавре аз студияи «Суғдсинамо» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин барнома филми «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегиранд ва тӯли ду рӯз филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз,  «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музаффар намоиш дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки филми «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аст ва он аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон «Тангнои гетӣ» таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия наворбардорӣ шудааст. Он аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.

 

АМИТ «Ховар»