Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерт, намоиши театрӣ ва фестивали филмҳо дар доираи Ҳафтаи Франкофонӣ

 

10 апрели соли 2019 дар доираи Ҳафтаи Франкофонӣ баргузории якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Нахуст соати 10:00 дар Маркази фарҳангии «Бохтар» ғолибони озмуни рассомӣ мукофотонида мешаванд. 

Шоми ҳамин рӯз соати 18:00 дар Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов Консерти мусиқии классикӣ дар иҷрои муҳассилини Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва шогирдони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев манзури ҳаводорони савту мусиқӣ мегардад. 

Пагоҳ, 11 апрели соли 2019 дар толори хурди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар иҷрои ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский пйесаи нави «Рифт» аз рӯи асари драматурги фаронсави Кристина Вистюп дар таҳияи Хуршед Мустафоев пешкаши дӯстдорони санъати театрӣ гардонида мешавад. 

12 апрел соати 18:00 ва 13 апрели соати 14:00 дар Маркази фарҳангии «Бохтар» «Фестивали филмҳои фаронсавизабон» сурат мегирад. 

Чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ 13 апрели соли 2019 бо намоиши театрии «Гарданбанд» ҳусни анҷом мепазиранд. Намоиши мазкур дар саҳнаи Театри давлатии ҷумҳуриявии Лӯхтаки шаҳри Душанбе бо забони фаронсавӣ ба маъраз гузошта мешавад.

Намоишро коргардони фаронсавӣ Г. Лопухин таҳия карда, нақшҳоро донишҷӯёне иҷро мекунанд, ки забони фаронсавиро меомӯзанд. 

Боиси зикр аст, ки Ҳафтаи Франкофонӣ соли ҷорӣ аз 8 апрел ифтитоҳ ёфта, дар доираи он озмунҳои франкофония ва «Ба ман 10 калима бигӯ» сипарӣ гардиданд. 

Қайд кардан зарур аст, ки Ҳафтаи Франкофонӣ ба фарҳанг ва забони фаронсавӣ бахшида шуда, оғоз аз соли 1998 арафаи Рӯзи байналмилалии Франкофония, яъне 20 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола дар 70 кишвари дунё зиёда аз 1500 чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи Франкофонӣ ба қайд гирифта мешавад, ки ин аз рушди забони фаронсавӣ ва фаъолияти авҷноки ташкилотҳое, ки фарҳанги фаронсавиро паҳн намуда, муколама бо дигар мамлакатҳоро ба роҳ мемонанд, шаҳодат медиҳад.

Ҳафтаи Франкофонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, маркази фарҳангии «Бохтар» ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегирад.