Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти ботантанаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

 

9 апрели соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ботантана ҷамъбаст гардид.

Ба ифтихори ҷамъбасти фестивал, ки баргузории он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст, дар саҳни Донишкада намоиш ва фурӯши китобии «Фурӯғи субҳи доноӣ», маҷаллаву рӯзномаҳои тозанашр, маҳсулоти дастии омоданамудаи кӯдакону наврасон ба маъраз гузошта шуд. Меҳмонони чорабиниро зери оҳанги мусиқии идона ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷумҳуривии «Лӯхтак» бо ҳунарнамоии шӯху ҷаззоб ба чорабинӣ хайрамақдам гуфтанд.

Дар толори муассисаи таълимӣ қисми расмии ҷамъбасти фестивал ва супоридани тӯҳфаву дипломҳо ба ғолибон ва фаъолони чорабинӣ доир гардид. Нахуст Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳозирин ва мухлисони хурдсоли китобу адабиётро бо ҷамъбасти чунин фестивали бошукӯҳ табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ки пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифаташ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

«Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифгари халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд»,- изҳор дошт Вазири фарҳанг.
Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Хайриддин Идиев ба ғолибони озмунҳои дар доираи фестивал баргузор гардида ва иштирокчиёни фаъоли нишонҳои сарисинагӣ ва диплому мукофотҳоро супориданд.

Нафарони зерин гирандагони мукофотҳои Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» аз 2 то 9 апрели соли 2019 мебошанд.

«Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1. Боқиева Нигора – китобдори МТМУ №52 –и ноҳияи И. Сомонӣ.
2. Ибрагимова Ризқия - Китобдори МТМУ №11 –и ноҳияи И. Сомонӣ.
3. Айдарқулова Гулноз - мутахассиси шуъба оид ба китобҳои дарсии шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
4. Носирзода Муқаддас Носирӣ- Мудири шуъбаи маорифи н. Сино
5. Кароматова Малоҳат- мудири шуъбаи коркардабарорӣ СКМ н. Рўдакӣ

Нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1. Самӣ Шариф Ҳамид- Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
2. Ҳусейнова Алоҳида- Китобдори муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи № 44-и н. Исмоили Сомонӣ.
3. Валов Владислав - Роҳбари гуруҳи эстрадии «Just life»- и шаҳри Турсунзода.
4. Суяров Маҳмадназар - муовини директор оид ба қисми таълими умумӣ, омўзгори фанни химияи МИММСҶ ба номи М. Атоев
5. Назарова Гулнора- омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30.
6. Мамашарипова Калимахон- мудири китобхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Фирдавсӣ
7. Ҳақназаров Туйчибек - директори Гимназияи хусусии ба номи А. Берунӣ.
8. Ҳафизова Маҳдия - мудири шуъбаи толори қироати умумии КМШ ба номи А. Лоҳутӣ
9. Одинабеков Умед- методисти дараҷаи 1 –уми шуъбаи илми методӣ ва маълумотдиҳию библиографӣ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар
10. Зафари Шариф- мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода.
11. Авғонова Шабнам- Саркитобдори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар
12. Худойназарова Дилбарой- Директори муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи № 54-и н. Сино.
13. Гулова Соатой - омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97-и шаҳри Ҳисор.
14. Азизова Зарина –Омўзгори фанни забон ва адабиёти синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и н. Шоҳмансур.
15. Муродова Гулсумо- Директори Китобхонаи муттамарказонидашудаибахши фарҳанги ноҳияи Лахш
Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин
инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва
рушди хониш дар ВАО
Ҷойи якум- Санъатхон Мирзоева хонандаи синфи 5 МТМУ №6-и ш. Хуҷанд
Ҷойи дуюм – Азимова Садафмо хонандаи синфи 8 МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ
Ҷойи сеюм-Абдуллоев Амирҳамза хонандаи синфи 7 МТМУ №14-и н.Шаҳринав

Озмуни ровии беҳтарин

Ҷойи аввал-Давлатзода Шодмеҳр МТМУ №1-и н.Файзобод
Ҷойи дуюм-Саодати Бахтиёр хонандаи синфи 10 МТМУ №5 ш.Кўлоб
Ҷойи сеюм-Қосимова Шабнам хонандаи синфи 10 МТМУ №1-н.Лахш
Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона
«Китобчаи дўстдоштаи ман»
Ҷойи якум -Худойбахшов Исмат хонандаи мактаби санъат №2 н.Шуғнон
Ҷойи дуюм-Ҳусейнова Мавзуна хонандаи синфи 7 Гимназияи Балъамӣ ш.Ваҳдат
Ҷойи сеюм- Фаттоҳҷон Фотима синфи 7 МТМУ №57 н.Сино ш.Душанбе
Озмуни «Фаъолтарин хонанда»
Ҷойи якум –Авғонова Фархунда хонандаи синфи 2-мактаби Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе
Ҷойи дуюм-Иксанов Достон хонандаи МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ
Ҷойи сеюм-Достони Рустам хонандаи синфи 6 МТМУ №6 ш.Бохтар

Дипломи
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

1. Китобхонаи миллии Тоҷикистон
2. Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар
3. Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
4. Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳии вилояти Суғд.
5. Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин
6. Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ
7. Китобхонаи бачагонаи вилоятии ш.Кўлоб
8. Китобхонаи оммавии ВМКБ ба номи А.Рўдакӣ
9. Китобхонаи вилоятии бачагонаи ВМКБ
10. Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ
11. Китобхонаи муосири «Пойтахт»
12. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Турсунзода
13. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Ҳисор
14. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Шаҳринав
15. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Рўдакӣ
16. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Варзоб
17. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Ваҳдат
18. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Файзобод
19. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Роғун
20. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Нуробод
21. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Сангвор
22. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Рашт
23. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Тоҷикобод
24. Системаи Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Лахш
25. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
26. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
27. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и ноҳияи И. Сомонӣ
28. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 -и ноҳияи Шоҳмансур
29. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и ноҳияи Шоҳмансур
30. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48-и ноҳияи Шоҳмансур
31. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86-и ноҳияи Сино
32. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Сино
33. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95-и ноҳияи Сино
34. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Фирдавсӣ
35. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58-и ноҳияи Фирдавсӣ
36. Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ
37. Китобхонаи Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ
38. Китобхонаи Мактаб- интернати № 1 барои хонандагони ятими шаҳри Душанбе
39. Муассисаи давлатии Телевизиони «Баҳористон»
40. Муассисаи давлатии Телевизиони «Душанбе»
41. Муассисаи давлатии Телевизиони «Тоҷикистон»
42. Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина»
43. Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии Лўхтак
44. Муассисаи давлатии Телевизиони «Ҷаҳоннамо»
45. Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон».