Сомонаи пешина | Сш, 16 Январ 2018 | 14:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос барои барномаи консертии ҳунарпешагони тоҷик дар шаҳри Ганҷа

 

Ба унвони Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директории иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос омад.
Дар матни нома ҷаноби Иксанов ба Вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд.
Дар матни нома зикр гардидааст, ки барномаи консертии санъаткорони тоҷик рӯзи 21 декабри соли 2017 бахшида ба маросими пӯшидашавии барномаи «Ганҷа-маркази фарҳангии ИДМ дар соли 2017» дар сатҳи баланд доир гардид.
«Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони тоҷик Зафар Абдуалимов ва Мадина Ақназарова маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон дода, таваҷҷӯҳи тамошобинони озорбойҷониро ба даст оварданд» - оварда шудааст дар матни нома.