Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертии «Замзамаи меҳр» дар Филармония

 

10 апрели соли 2019 соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи тозаэҷоди консертии узви Ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон Дамир Каримов таҳти унвони «Замзамаи меҳр» баргузор мегардад.


Дар барномаи консертӣ сурудҳо танҳо ба таври зинда иҷро мешаванд. Сарояндаи боистеъдод Дамир Каримов ба мухлисони савту наво сурудҳои тозаэҷодеро, ки ба аксарашон худаш оҳанг бастааст, пешниҳод менамояд.
Матни сурудҳо аз шеърҳои шоирони шинохта ба мисли Озарахш, Кайҳони Сӯфӣ, Нуруллои Ориф, Ҳасан Султон ва Нуралӣ Нурзод гирифта шудааст.

Дамир Каримов маълумоти миёнаро дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев гирифта, соли 2018 Консерваторияи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Яке аз аввалин лауреатҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» мебошад.