Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тарбияи насли худогоҳ-кафолати рушди давлат

 

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” қисмати ҷамъбастии озмунҳои Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашоффи падидаҳои наврас бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, иштирокчиёни фаъол бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб, Китобхонаи вилоятии бачагона сарфароз гардонида шуданд. Ғолибон дар даври ниҳоӣ, ки имрӯз, яъне 9 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, иштирок доранд.

Фестивал баёнгари ҳақиқӣ ва воқеии гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарғиби фарҳангӣ миллӣ гардид.

Саодат Абдуллоева,
муовини директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи
Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб