Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус расман маркази фарҳангии Иттиҳод барои соли 2019 эълон гардид

 

Шоми 5 апрели соли 2019 дар маҷмааи варзишии «Виктория»-и шаҳри Брест барномаи байнидавлатии «Брест – маркази фарҳангии Иттиҳод-2019» бо тантана баргузор гардид.

Меҳмонони чорабинии байнидавлатӣ аз намоиши осори санъати тасвирӣ ва кандакорӣ дидан намуданд ва дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Тавъамгардонии фарҳангҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир» иштирок намуданд. 

Дар доираи барнома консерти ҳунарпешагони номӣ ва шинохта аз аксари кишварҳои Иттиҳод баргузор шуд. 

Дар барномаи консертӣ навозиши оҳанги халқии «Баҳор», ки аз ҷониби мутрибони тоҷик Зоир Ҳайдаров (омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон) ва Абдурауф Абдуразоққов (омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон) дар сатҳи баланд иҷро гардида, аз ҷониби аҳли толор хуб пазируфта шуд. 

Директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ Анатолий Иксанов зимни консерт дар вазъи тантанавӣ ба раиси мақомоти иҷроияи шаҳри Брест Александр Рогачук сертификати расман дар соли 2019 маркази фарҳангии ИДМ қабул шудани шаҳри Брестро супорид. Дар ин бора сомонаи расмии кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад. 

Тӯли як сол дар шаҳри Брест, ки таърихи 1000-сола дорад, баргузории 40 чорабинии байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Ҳокими шаҳр Александр Рогачук мегӯяд, ки Брест ҳамеша пайвандгари тамаддунҳо ва фарҳанги Шарқу Ғарб буда, омодаи ҳамкориҳои самимиву судманд аст.