Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали байналмилалии санъати бахшиҳо

Рӯзҳои 4-7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва таҳти сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Сурхандарё, ЮНЕСКО, ИСЕСКО Фестивали байналмилалии бахшиҳо (достонсароён, иҷрокунандагони сурудҳои маросимӣ) доир гашт.

5 апрел дар амфитеатри шаҳр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маросими ботантанаи ифтитоҳи фестивал ба вуқӯъ пайваст. Сарвари давлати Ӯзбекистон дар расми ифтитоҳ оид ба мақоми фестивали байналмилалӣ, муколамаи фарҳангҳо ва рушду нумӯи минбаъдаи санъати бахшигӣ сухан ронда, ба ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон, Озорбойҷон, Булғория, Эрон, Белгия, Афғонистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Сингапур, Сербия, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Молдова, Финландия, Россия, Туркманистон, Туркия, Франсия бо зикри номи роҳбарони ҳайатҳо изҳори сипос намуд. 

Ёдовар мешавем, ки дар барномаи фестивал кишвари моро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, достонсароёни машҳури халқӣ Азизбек Зиёев ва Ҳотам Ҳокимов намояндагӣ карданд.

6 апрел дар доираи фестивал конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши санъати бахшигӣ дар фарҳанги тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт, ки дар чаҳорчӯбаи олимон аз кишварҳои гуногуни дунё аз ҷумла аз Тоҷикистон оид ба паҳлӯҳои гуногуни санъати бахшигӣ ибрози андеша намуданд.