Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тарғиби мақсаду мароми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз ҷониби Иттифоқи композиторон

 

Бо мақсади тарғиби мақсаду мароми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», Иттифоқи композиторон тадбирҳои амалиро дар самтҳои ташкилӣ ва эҷодӣ роҳандозӣ намуда, дар ин замина, баҳри сафарбар намудани ҷавонони соҳибистеъдод ҷиҳати иштироки фаъолона дар Озмун ва муаррифии истеъдодҳои нави равияи композиторӣ вохӯриро бо ҷавонони соҳибистеъдод, наврасони бахши таълимии назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, инчунин донишҷўёни муассисаҳои таълимии соҳаи санъат баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба маҳорати техникаи композитсия, хусусиятҳои хоси драматургия ва таълифи мусиқӣ, интихоби дурусти мавзўъ, инчунин мутобиқати шаклу мазмуни асари мусиқӣ ва дуруст истифода бурдани матни шеър тавсияҳо дода шуданд. 

Зимнан, бо мақсади тарғиби мақсаду мароми Озмун рӯзи 6 апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистони дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯлоб семинар-машварати васеъ бо роҳбарони мактабҳои ибтидоии бачагонаи санъат ва мусиқӣ, роҳбарони ансамблҳои тарона ва рақс, роҳбарони театрҳои мусиқи мазҳакавӣ ва мусиқӣ – драмавӣ, инчунин мудирони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар рафти семинар-машварат вобаста ба шарҳи номинатсияҳо ва жанрҳо, меъёри баҳогузорӣ, сину соли иштирокчиён ва дигар масъалаҳои марбут ба Озмун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.