Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Фарҳанг ва санъат» ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд

 

Маҷаллаи  илмии «Фарҳанг ва санъат»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи Шӯрои экспертӣ аз 3 апрели соли 2019 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар ин бора аз  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маҷаллаи мазкур  аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001, бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 даҳ шумораи он ба табъ расидааст.  Шурӯъ аз соли 2017 маҷаллаи  «Олами ҳунар» ба нашрияи «Фарҳанг ва санъат» табдили ном кард.

Дар маҷаллаи «Фарҳанг ва санъат» натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорон, магистрон, аспирантон ва доктор (PhD) — и донишкада, инчунин дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нашр расонда мешаванд.

Маҷалла   дар як сол 4 маротиба аз чоп баромада, он аз се бахши илмӣ: фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, санъатшиносӣ — (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, рақс, хореография) ва китобдорӣ — иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ иборат мебошад. Ҳамаи мақолаҳои илмии аз ҷониби муаллифон пешниҳодшуда ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва дигар муҳаққиқони дорои дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм барои тақриз супурда мешаванд. Ба муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

 

АМИТ «Ховар»