Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали ҷумҳуриявии «Зиннати чакан» ҳунармандони ҷавони чакандӯзро ба ҳам меорад

 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021 миёни ҳунармандони ҷавон Фестивали ҷумҳуриявии чакандӯзии «Зиннати чакан»  ба роҳ монад.

Тавре дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани  фестивали мазкур  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин чакандӯзони ҷавон  мебошад.

Фестивали ҷумҳуриявии  «Зиннати чакан» моҳи июн баргузор шуда, то ин муддат гулдӯзон ва чакандӯзони ҷавон метавонанд барои иштирок ба   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар ҷамъбаст беҳтаринҳо бо мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли  гузашта чакан ҳамчун  як навъи гулдӯзии тоҷикон аз тарафи Дафтари илму  фарҳанги  Созмони Милали Муттаҳид -ЮНЕСКО ба  рӯйхати  мероси фарҳангии ғайримоддии  башарият шомил карда шуд.

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ буда,   таърихи ниҳоят қадимӣ дорад. Он  ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.  Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба бар мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл гузашта, бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

 

АМИТ «Ховар»