Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

3 апрели соли 2019 дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» бо шукуҳу шаҳомати хоса ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинӣ аҳли илму адаб, аз ҷумла адибон Миралӣ Салим, Акрами Ризом, Баёзӣ ва зиёда аз 500 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи уммумии шаҳр иштирок доштанд. 

Мувофиқи нақша-чорабинии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон фестивали “Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” аз 2 то 9 апрели соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо идома меёбад.