Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳокими аморати Шориқа (АМА) дар Фестивали мероси фарҳангии Шориқа ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дод

 

Шоми 2 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб Фестивали мероси фарҳангии Шориқа бо тантана ифтитоҳ ёфт.

Дар Фестивали мазкур Тоҷикистонро ҳайати санъаткорону ҳунармандон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода намояндагӣ мекунанд. Дар гӯшаи ҳунармандии Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои муди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шудаанд. 

Баъди ифтитоҳи расмии Фестивал Ҳокими аморати Шориқа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои халқи тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.

Рақсу мусиқӣ ва суруди миллии тоҷикро ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ва Оркестри эстрадии «Гулшан» муаррифӣ мекунанд. 

Боиси зикр аст, ки фестивали мазкур то 21 апрели соли равон идома ёфта, дар он осори ҳунарҳои мардумӣ ва санъати рақсу мусиқии кишварҳои гуногун ба маъраз гузошта мешавад.