Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи ханда дар Коллеҷи фарҳанг

Дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ба муносибати Рӯзи ханда чорабинии фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Барномаро гурӯҳҳои Эҷодиёти халқ (фолклор), Рӯзноманигорӣ, Таълими мусиқӣ омода карда, бо ҳунари ҳаҷвнигории худ, суханварӣ, хондани суруди навозиши мусиқӣ хотири аҳли толорро шод намуданд.

Дар охири чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълим Ҷаъфар Ҷаъфаров аҳли толорро бо Рӯзи ханда шодбош гуфта, хурсандии ҳамешагиро таманно кард ва ба таҳиягарони чорабинӣ изҳори сипос намуд. 

1-уми апрел дар кишвари мо чун дар аксари кишварҳои чаҳон чун Рӯзи ханда маъруф аст ва ин рӯз мардум бо ҳам шӯхиҳои ҷаззобу ҷолибе менамоянд. Аҳли ҳунар низ бо барномаҳои ҳаҷвии омодакардаашон хотири мардумро шоду болида мегардонанд.