Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб

2 апрели соли 2019 дар Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” бо тантана ифтитоҳ ёфт.

Пеш аз баргузории чорабинӣ меҳмонон аз намоишҳои омода намудаи муассисаҳои таълимии шаҳр, Китобхонаи вилоятии бачагона, Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дидан намуданд. Дар намоиш асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳунари дастии хонандагон, адабиётҳои бачагона , ки ҳамагӣ таҷассумгари таърихи халқи тоҷик дар роҳи ба даст даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷомеаи навини моро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ даъват намуда, оммаро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогаҳии миллӣ тарбия намуда, фарҳанги пурғановати миллиро муаррифӣ менамоянд, дар маърази тамошои хонандагону иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии мардуми Кӯлоби бостонӣ гузошта шуданд. 

Дар рафти фестивал узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ - Ҳақназар Ғоиб, муовини бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб - Хайрулло Тоиров, шоирони ҷавону умедбахш Файзи Ашур, Сулаймони Султон иштирок намуда, тамоми ҳозиринро бахшида ба кушодашавии Фестивал шодбош гуфтанд ва аз ашъори хеш порчаҳои шеъриро қироат карданд. Ҳамзамон хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва наврасони кӯдакистон бо шеъру тарона, рақсу суруд хотири ҳозиринро шод намуданд. 

Боиси зикр аст, ки Фестивали мазкур ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби асарҳои бачагона доир мегардад. Соли ҷорӣ Фестивал дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 28-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз гузаронида мешавад.

Саодат Абдуллоева, 
муовини директори Китобхонаи оммавии вилояти
Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб,,