Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тақдими китоби “Достони Пешво” ба Китобхонаи вилоятии Хатлон

Ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби шоири шинохтаю ғазалсарои муосири тоҷик Муҳаммад Ғоиб китоби тозанашр таҳти унвони “Достони Пешво” туҳфа гардид.

Бояд қайд намуд, ки китоби “Достони Пешво” зери назари мушовир ва муҳаррир Асадулло Раҳмон ва Каромутулло Олим чоп омадааст. Китоби “Достони Пешво” аз ҳаёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъмингари беғубории фазои меҳру муҳаббат ва барҳамзании доғи кинаву кудрат мебошад ва дар маҷмуъ тамоми нишонаҳои хулқу хислати инсони бузургро дар худ дорад, ҳикоят мекунад.

Китоби “Достони Пешво” ба оммаи васеи хонандагон барои мутолиа тавсия дода мешавад.