Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили фарҳангӣ- маърифатӣ дар осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ

 

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ маҳфили фарҳангӣ- маърифатӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода доир гардид.

Чорабинӣ бо мақсади тақвияти огоҳии ҷомеаи муосир аз ҳадафҳои дурнамои сиёсати фарҳангии мамлакат ва зарурати мусоидат дар тарбияи маърифатии ҷавонон дар самти бархурдорӣ аз меросӣ мусиқии касбии композиторони тоҷик сурат гирифт. 

Зимни маҳфил мавзӯи самтҳо ва жанрҳои мусиқӣ дар асарҳои эҷодии композиторони тоҷик муҳокима шуда, наворҳои видеоии иҷрои оркестрии мусиқӣ аз тарафи навозандагони машҳур намоиш дода шуд.