Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи ботантанаи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

2 апрели соли 2019 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукуҳу шаҳомати хоса ифтитоҳ ёфт.

Меҳмонони фестивал зери оҳанги шӯхи мусиқӣ дар саҳни ҳавлии бино аз намоиши пурмазмуни китобӣ дидан намуданд. Дар бинои китобхона намоиши китобҳои тозанашри кӯдакона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон ва намоиши мусаввараҳои рассомони наврас аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таҳия гардида буд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт. 

Қисми расмии ифтитоҳи чорабинӣ дар толори Китобхона бо сухани табрикотии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳусни оғоз ёфт. Вазири фарҳанг оид ба нақши китоб дар рушди маънавии инсон, рушди нашри китоб дар замони Истиқлолият сухан гуфта, аз иштирокчиёни фестивал даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар ба ин хазинаи маънавии башарӣ рӯй оранд. 

Сипас намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоирону нависандагони шинохта, аз ҷумла Али Бобоҷон, Шаҳрия, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Ҷӯра Ҳошимӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун баромад намуда, аз асарҳои тозаэҷоди худ ба самъи ҳозирин расониданд. 

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз ҷониби муштариёни Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва санъаткорони ҷавони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таҳияи гардида буд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид. 

Боиси зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон», ки ба ҳукми анъана даромадааст, ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари кишвар идома меёбад. Соли ҷорӣ низ ба барномаи фестивал вохӯриву озмунҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ворид гардидаанд. 

Ҷамъбасти фестивал 9 апрел соати 10:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар назар аст.