Сомонаи пешина | Дш, 17 Июн 2019 | 14:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Изҳори тасаллият

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонавода, пайвандони марҳум ва мухлисони ҳунари ин шахсияти варзида изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Мушаррафа Қосимова, ки бо унвони «Модари театри тоҷик» маъруф аст, дар рушди санъати театрӣ ва синамои тоҷик нақши бориз гузоштааст. Даргузашти ин бонуи ҳунар барои аҳли фарҳанг ва театр талафоти бузург буда, ёди ин шахсияти нотакрор ҳамеша дар дили аҳли фарҳанг ва мухлисони театр боқӣ хоҳад монд. 

Мушаррафа Қосимова то лаҳзаҳои охир маслиҳатгар ва дуогӯи шогирдон буданд. Китоби «Модари саҳнаи тоҷик – Мушаррафа Қосимова», ки ба муносибати садумин солгарди зодрӯзи ин шахсияти бузург ва нотакрор оид ба зиндагиномаи ӯ интишор ёфта буд, алҳол китоби рӯимизии ҳунарпешагон гардидааст.