Сомонаи пешина | Яш, 16 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Наврӯз ва Сайри гули лола дар коллеҷи рассомӣ

 

30 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» чорабинии адабӣ-бадеӣ доир гардид.

Саҳни ҳавлии муассиса ба таври идона ороста шуда, Гӯшаҳо бо маҳсули эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва дастурхони идонаи ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуда буданд. 

Мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ ва ороишӣ–амалӣ, наққошиҳо (кундалҳо), кандакориҳо, гобелен (бофандагӣ), маҳсулоти заргарӣ ва тарроҳӣ зеби гӯшаҳои идона буданд, ки аз онҳо меҳмонон дидан намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва тамсилаҳои муд, ки ташаббуси устодону донишҷӯёни муассиса аст, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Дар чорабинӣ инчунин барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар тараннуми Баҳору Наврӯз буд, манзури меҳмонон гардид. 

Дар рафти чорабинии Наврӯзӣ озмуни «Газетаҳои беҳтарин», мусобиқаҳои варзишӣ ва расмкашӣ баргузор гардиданд. 

Директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» Сироҷиддин Ҷурахонов барои ҳамкориҳои судманд ба ҳамаи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ арзи сипос намуда, бори дигар онҳоро ба ҷашни Наврӯз ва Сайри гули лола табрику таҳният гуфт.