Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 22:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши муд таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз»

30 марти соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз намоиши тамсилаҳои муди либос таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Осорхонаи миллӣ таҳия гардида, дар он намунаи тарҳи либосҳо, ки аз ҷониби муҳассилин ва хатмкунандагони Донишкадаи болозикр омода шуда буд, ба маърази тамошобинон пешниҳод гардид. 

Намоиш бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ҳусни оғоз ёфт. Қайд гардид, ки намоиши мазкур анъанавӣ буда, соли дуввум баргузор мегардад ва дар он донишҷӯён дастовардҳои худро аз Наврӯзи қаблӣ то Наврӯзи имсола пешкаши ҳаводорони мӯд мегардонанд. 

Маҷмӯи либосҳои зебову гуногунранг, ки бо омезиши тарҳи миллӣ ва замонавӣ, истифодаи унсурҳои қуроқ ва мӯҳра, тавъамгардонии рангҳои гуногун ва нақшу нигори миллӣ таҳия гардида буданд, аз ҷониби бинандагон бо кафкӯбиҳои дурудароз истиқбол ёфтанд. Донишҷӯён маҷмуаи либосҳои худро бо номҳои «Насими наврӯз», «Нафаси баҳор», «Рӯзу шаб», «Осмони кабуд», «Гулдухтарони тоҷик» ва унвон карда буданд, ки ин диққати аҳли толорро боз бештар ҷалб намуд.