Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Мисри Араб

14 марти соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Москва ҷаноби Иҳоб Наср вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба байни гуруҳҳои ҳунарии Миср ва Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Яке аз мавзуъҳои асосӣ, ки дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мисри Араб буд.

Мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт. Дар интиҳои вохӯрӣ Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба Сафири Миср дар Тоҷикистон мусаввараи кундалро бо нақшу нигори чакан тақдим намуд. Ҷаноби Иҳоб Наср гуфт, ки оид ба чакани тоҷикӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, маълумот дорад ва гирифтани чунин тӯҳфаи дилписанд ӯро хеле хушҳол гардонид.