Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Кордори Сафорати Корея

 

13 марти соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Вучолро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2019 сӯҳбат намуданд. 

Ҷаноби Лю Вучол иброз дошт, ки соли 2019 баргузории Ҳафтаи Корея дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ҳафтаи мазкур аз мусобиқа оид ба таэквандо, Фестивали филмҳои кореягӣ ва рӯзи Корея иборат хоҳад буд.

Вазири фарҳанг иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ намуда гуфт, ки мардуми Тоҷикистон нисбати фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд ва онро меписанданд. Ва минбаъд дар доираи имкониятҳо ташкили чорабиниҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар музофоти кишвар низ барои шинос гардонидани аҳолӣ бо фарҳанг ва санъати Корея мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин оид ба фаъолияти Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Кореягӣ, ки нашри афсонаҳои муаллифонро аз Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад, изҳори андеша намуда, онро барои рушди санъати афсонагӯӣ ва муттаҳид гардонидани кӯдакони кишварҳои гуногун муҳим арзёбӣ карданд.

Мулоқот дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт ва дар фарҷоми он ба ҷаноби Лю Вучол аз номи Вазорати фарҳанг мусаввараи кундал, ки аз нақшҳои чакан иборат буд, тақдим гардид. Ҷаноби Лю Вучол изҳори сипос намуда гуфт, ки ӯ шефтаи санъати кундал ва чакани тоҷикӣ мебошад.