Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо ҳайъати меҳмонон аз ДДУК

 

Субҳи 12 марти соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати меҳмонон аз Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов, ки роҳбариашро ректори донишкада, профессор Владимир Малишев дар уҳда дошт, вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба баргузории «Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат намуданд. «Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 то 15 марти соли 2019 идома ёфта, дар доираи он баргузории дарсҳои сайқали маҳорат, машғулиятҳои омӯзишӣ, намоиши филмҳо ва намоишномаҳо, барномаҳои консертӣ дар назар аст. 

Профессор Владимир Малишев иброз дошт, ки барои гузаронидани Рӯзҳо ҳайати 38 нафара аз донишкадаи мазкури Россия ба Тоҷикистон омадаанд. «30 нафар донишҷӯёни фаъол ба ҳайъат шомиланд, ки филмҳо ва намоишҳои худро манзури ҳамтоёни тоҷикистонии худ мегардонанд. Ин барои ҳам донишҷуёни тоҷик ва ҳам рус имкони хуби табодули таҷриба хоҳад буд»- илова намуд ӯ. 
Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК ва омодасозӣ ва пешниҳоди довталабони боистеъдод аз Тоҷикистон барои таҳсил дар ин муассисаи машҳури таҳсилоти олӣ, ки маъруфтарин ҳунарпешагони ҷаҳониро ба камол расонидааст, мавзӯи асосии суҳбат буд.

Вохӯрӣ дар фазои хушу дӯстона анҷом ёфт.