Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ансамбли “Чаман” бо роҳбарии Хосияти Зарафшонӣ ба Айниву Панҷакент сафари ҳунарӣ намуданд

Ба ифтихори Рӯзи Модар Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.

Ансамбли мазкур дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти дурдасти Шинг бо бонувон вохӯрда, барномаи консертии ҷолибро таҳти унвони “Дасти дуои модар”, ки фарогири мавзӯи Ватан-Модар, баҳор, дӯстиву бародарӣ, сулҳу ваҳдат ва амсоли инҳо буданд, манзурашон гардониданд. 

Бонувон барномаи консертӣ, хусусан ҳунарнамоии овозхони номӣ Хосияти Зарафшониро хеле хуб пазироӣ намуда, баҳраи маънавӣ бардоштанд.