Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳашари умумӣ дар Коллеҷи фарҳанг

9 марти соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо мақсади сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаю назаррабо намудани гидрду атрофи муассисаи таълимӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ҳашари умумӣ гузаронида шуд.

Дар рафти ҳашар донишҷӯён ва омӯзгорон зери назорати маъмурияти тамлимгоҳ бехи дарахтонро нарм ва танаи онҳоро сафед карда, садҳо адад гулҳои ороишӣ шинониданд. 

Аҳли Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов ба ин васила ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ мегиранд. 

Миралӣ Воҳидов,
Омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов