Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

 

11 марти соли 2019 соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ, ки ба он намояндагони ВАО ва аҳли қалам даъватӣ ҳастанд, беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо, инчунин нишони «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ мешаванд.

Боиси зикр аст, ки 11 марти соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» интишор ёфта буд. Аз соли 1994 инҷониб 11 март ҳамасола чун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.