Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Изҳори тасаллият аз Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ба Зебо Аминзода

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳунарпешаи халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зебо Аминзода нисбати даргузашти бармаҳали писараш изҳори тасаллият менамояд.

Дар матни номае, ки аз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони ҳунарпешаи номӣ Зебо Аминзода омадааст, гуфта шудааст: «Хабари даргузашти бармаҳали писари Шуморо мо бо андӯҳи гарон қабул кардем. Ба Шумо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Бигзор равони марҳум шод ва роҳи охираташ обод бошад».