Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувони сохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!

Фарорасии ҳашни фархундаи баҳору зебоӣ ва меҳру садоқат – ҳашни мубораки Рўзи модарро ба кулли бонувони диёр табрик гуфта, таманно мекунам, ки сарбаландиву хонаободӣ, сиҳатмандиву болидахотирӣ ҳамқадами ҳамешагии Шумо бошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».

Ва боиси сарбаландист, ки санаи 8 – уми март, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон чун Рӯзи бонувон ҷашн гирифта мешавад, ба шарофати сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат зиёда аз 10 сол инҷониб дар Тоҳикистони ваҳдатшиору азизи мо чун Рўзи модар ва рамзи эҳтирому арҳгузорӣ ба мақому мартабаи зан – модар таҳлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукўҳ табдил ёфтааст.

Дар оғози фасли баҳор, ки фасли бедоршавии табиат, яъне офариниш аст, таҷлил гардидани Рӯзи модар низ рамзест. Рамзи офарандаи ҳаёт ва хушбахтӣ, офарандаи некӣ ва зебоӣ будани Модар. 

Модар таҳассумгари назокату таровати зиндагӣ, посдори оташи меҳрафрўзи хонадон, бақои муҳаббати ҷовидон, бахту толеи фарзандон, сарчашмаи нафосат аст. Ҳамаи ин маъниро бо ин гуфтаҳои бузургон ифода кардан мумкин аст: модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад. 

Беҳуда нест, ки номи Модар бо Ватан тавъам аст, зеро Ватан аз гаҳвора оғоз ёфта, меҳри Ватан аз меҳри модар маншаъ мегирад. Боиси ифтихор аст, ки дар тўли таърих садҳо занону модарони хирадманду оқил, муборизу озодихоҳи тоҳик дар паҳлўи мардон барои озодиву осоиш ва ѓановати маънавиёти мардум саҳм гузоштаанд. 

Рушди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷикро низ бидуни ҳиссаи арзандаи бонувони ҳунарпеша ва ватандӯст тасаввур кардан имкон надорад. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишвари азизамон бонувони меҳнатдӯст сарбаландона фаъолият бурда, барои амалигардонии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Алҳол теъдоди бонувони коргар дар дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои фарҳангӣ наздики 7000 нафар мебошад, ки ин қариб 50 фисади умумии кормандонро ташкил медиҳад. 

Модарон ва хоҳарони гиромӣ!

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи модар, ки оғози идҳои баҳорист, муборакбод гуфта, бароятон дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барору комёбӣ ва дар фаъолияти эҷодиву ҳунарӣ муваффақиятҳо таманно мекунам.