Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Кӯлоб хонандагон дар Озмуни «Расми беҳтарин» иштирок карданд

 

Дар Мактаби бачагонаи расомии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» Озмуни «Расми беҳтарин» баргузор гардид.

Дар Озмун, ки аз ҷониби Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб ташкил гардида буд, муҳасиллини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. 

Мусаввирони ҷавону наврас расмҳои худро дар мавзӯҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» манзури ҳакамон ва тамошобинон намуданд.

З. Қосимова
Муовини директори Китобхонаи вилоятии
бачагонаи шаҳри Кӯлоб