Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тозаэҷод: «Кашшофи падидаҳои наврас»

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» дастури таълимӣ-методиро бо номи «Кашшофи падидаҳои наврас» ба табъ расонид.

Дастури мазкур зери назари Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо Қарори Шўрои илмӣ-методии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар нашрияи "Истеъдод" интишор ёфтааст. 

Дастури таълимӣ -методӣ низомномаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», шарти озмунҳо, Паёми шодбошии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сенарияи баргузории фестивал, сенарияи композитсияҳои адабӣ -бадеӣ, суҳбат доир ба фаъолияти адибони соҳибҷашн, фикру андешаҳо, падидаҳои фестивал ва барномаи фестивалро инъикос менамояд.

Дастур барои донишҷўёну омўзгорон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ пешбинӣ шудааст.