Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«АЛЛА МЕГУМ, БАЧАМЕ…». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» баргузор шуд

 

Дирӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бо  ташаббуси Кумитаи  кор  бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла»  баргузор  гардид.

Фестивал  ба Рӯзи Модар бахшида шуда, мақсади асосии он   баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба қадри зан- модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мебошад.
Бояд гуфт, ки сароидани   суруди алла дар сари гаҳвораи фарзанд мерос аз гузаштагонамон буда, то ба рӯзҳои мо расидааст ва насиби наслҳои ояндда низ хоҳад шуд.

Тавре  Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар расмии тантанавии фестивал  иброз дошт, маҳз модар метавонад  бо суруди аллаи худ дар қалби фарзандонаш тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкорӣ бикорад, то  дар оянда насли наврас чун  одамони масъулиятшиносу меҳнатқарин ба воя расанд. Аввалин навозише, ки бо лафзи ширини модар дар гӯши мо садо медиҳад, ин аллаи модар аст, ки тамоми орзуву ҳавасҳояшро барои фарзанд тариқи он иброз медорад.

«Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус тоҷикон хеле баланд аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан- модар  сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад. Зан-Модар инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб  меравад. Ҳар қадаре зан бомаърифат бошад, ҳамон қадар фарзандон ва ҷомеаву давлат ободу  устувор мегардад. Заҳматҳои беназири зан- модар  моро водор месозанд, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то ӯ тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд. Дар  ҳақиқат  модар фариштаи осмонӣ, сарчашмаи рӯзгор, хуршеди меҳровару дилнавоз ва устоди нахустини зиндагии мо мебошад»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ба   андешаи равоншиносон, фарзандоне, ки  аз модаронашон суруди  алла шунидаанд,  нисбат ба  кӯдаконе, ки аз алла  бенасиб мондаанд, нарммиҷозу меҳрубонтаранд.    Аллаи  модар   тифлро ором  намуда, зеҳнашро рушд мебахшад. Ҳар қадар, ки модар  сари гаҳвораи фарзанд алларо бо  муҳаббат сарояд, ҳамон қадар фарзанди ӯ меҳрубону оромтабиат ба воя мерасад.

Тавре сокини шаҳри Душанбе Мавлуда Мирбоева зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, алла ин  нахустин сухани модар ба фарзандаш аст. Муҳаббату дилбастагии модару фарзанд маҳз тавассути алла ба вуҷуд меояд. Бо садои алла тифл хоби роҳат меравад.

Вале номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза модарони ҷавон наметавонанд ба фарзандони худ суруди алла бихонанд ва ё ин ки ба андешаи онҳо, сароидани суруди алла — ин нишонаи қафомондагӣ аст. Ҳол он ки маҳз суруди алла метавонад тифлро аз рӯзҳои нахустини таваллуд ба дӯст доштану некном ба воя расидан водор кунад.

Даври аввал ва дуюми Фестивали  «Суруди Модар – Алла»  дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо доир гардида, беҳтаринҳо ба  сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ беҳтарин донандагон ва сарояндагони  алла иштирок намуда,  бо ҳунари худ чанд лаҳза ҳозиринро ба фараҳбахштарин даврони зиндагӣ — ҳаёти  тифлона ворид намуданд.

 

АМИТ «Ховар»