Сомонаи пешина | Яш, 16 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Эрон

6 марти соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфт.

Ҷаноби Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, ки мӯҳлати ваколаташ чун Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бо Вазири фарҳанг оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ сӯҳбат намуданд. 

Сафири Эрон иброз дошт, ки баъди бозгаштан ба шаҳри Теҳрон низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Эрон аз қадим соҳиби забон ва фарҳанги муштарак буданд ва минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи театру синамо ва табодули таҷриба бисёртар хоҳанд буд.

Мулоқот дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт.