Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Китобхонаи Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи модар вохӯрӣ доир гардид

 

5 марти соли 2019 дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии хонандагон бо фаъолзанони собиқадори соҳаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Модар фаришта буд, аммо болу пар надошт” баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши баландмазмуни расмдор таҳти унвони “Модар меҳвари хонадон” дидан намуданд.

Чорабинии идонаро саркитобдори Китобхона Қурбоналӣ Сафаралиев ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувон ва модарони азизро б “Рӯзи модарон” ва иди зиндашавии табиат ва оғози баҳори нозанин, табрику таҳният гуфт. 

Ҳамзамон дар чорабинӣ мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода Мумина Бозор, собиқадори соҳаи фарҳанг, дорандаи медали Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб, Моҳбону Ҷумаева иштирок намуда, иброз доштанд, ки чи қадаре Зан-Модарро сано гуфта бошем, ҳамоно кам аст. Ва бигузор модарони мо ҳамеша шоду хандон бошанду дар таълиму тарбияи фарзандон муваффақ гардида, фарзандони бонангу номус ва шоистаи давру замонро тарбия намоянд.

Дар рафти чорабинӣ директори ансамбли “Фалак”-и бахши Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб бо дастаи ҳаваскорон бо савту суруди дилнишин хотири меҳмононро шод гардониданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи маъмурияти Китобхона сарфароз гардонида шуданд.

Оқилова Заррина
корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».