Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши асарҳои мусаввирони Тоҷикистон оғоз гардид

 

 Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар    намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки  то 15 марти соли равон идома меёбад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғози намоиши мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Абдувалӣ  Шарифзода,  ҳунарпешаи маъруфи театру кинои тоҷик Марям Исоева ва    варзишгари маъруфи тоҷик  оид ба  камонварӣ  Зебуниссо Рустамова  иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар намоиш аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари рассомон ва 8 нимпайкараи ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Дар асарҳо симои зан – модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни асри ХХ офарида шудаанд, ифода ёфтааст.  Ҳар як асар нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд.

Дар намоиши мазкур асарҳои нодири рассомони барҷаста, аз қабили А.Қ. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Зебо Аминзода», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет», «Арӯс», А.Умаров «Модар», И.Л. Лисиков «Симои Зебуниссо Рустамова», А.Н, Камелин «Симои Зебуниссо», П. П. Бенков «Духтари дуторнавоз», А.Т. Бесперстов «Дӯзанда Зиёда» гузошта шудаанд.

Зебуниссо Рустамова дар суҳбат  бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи мақоми зан дар ҷомеа ва  иштироки занон дар варзиш ибрози назар карда, гуфт, ки    имрӯз сафи занҳо  дар соҳаи варзиш зиёдтар шудааст.

«Имрӯз аксарияти бонувони тоҷик барои нигоҳубин  ва саломатии худ рӯ ба варзиш овардаанд.  Барои обутоб додани бадани худ ба толорҳои варзишӣ мераванд, ки аз ин ман хело шодам.  Аммо хуб мешуд, агар  бонувони мо рӯ ба   варзиши калон меоварданд. Бояд гӯям, ки имрӯзҳо   барои рушди соҳаи варзиш аз  тарафи  давлату ҳукумати кишвар корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Боварӣ дорам, ки сафи бонувон дар варзиш боз ҳам зиёд гашта,  ба монанди Мавзуна Чориева ва дигарон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ номи Тоҷикистонро баланд мебардоранд»,- зикр намуд З.Рустамова.

Бояд зикр намуд, ки ҳамзамон дар доираи намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор гардид. Дар он намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишкадаҳо  иштирок намуданд.

 

АМИТ «Ховар»