Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории консерти академӣ ва лекторияи мусиқӣ дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

 

4 марти соли 2019 дар толори мусиқии камеравии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон лекторияи мусиқӣ ва консерти академӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик доир гардид.

Чорабинӣ бо мақсади таблиғ намудани мусиқии касбии тоҷик ва классикони ҷаҳонӣ, тарғиби дарки моҳияти санъати касбӣ, мусоидат дар ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ, инчунин равияҳо ва ҷараёнҳои муосири санъати касбии тоҷик ва ба ин васила ҷалби ҷавонони санъатдўсту фарҳангпарвар ба мусиқии касбӣ ва фаъол намудани тафаккури бадеии онҳо ташкил гардида, дар он композиторону мусиқишиносон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат иштирок намуданд. 

Дар рафти баргузории лектория мусиқӣ мавзӯҳои таъриху назарияи мусиқии касбӣ, фаъолияти имрӯзаи эҷодии композиторону мусиқишиносони тоҷик, таҳлили қисмҳои асарҳои мусиқӣ аз ҷониби композиторону мусиқишиносон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар бояд гардид, ки лекторияи мусиқӣ бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри ташаккули нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли наврас баҳри густариши маънавиёти ҷомеа, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои санъати касбии тоҷик ва гиромидошти асолати фарҳанги миллӣ ташкил гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Иттифоқи композиторон баргузории чорабиниҳои гуногуншакл пешбинӣ гардидаанд.