Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивал-озмуни “Ҷавондухтарони ҳунарманд” дар ноҳияи Рӯдакӣ

 

2 марти соли 2019 дар толори мактаби мусиқии кӯдаконаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ фестивал-озмун таҳти унвони “Ҷавондухтарони ҳунарманд” баргузор гардид.

Дар фестивал-озумн донишҷӯёни ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ: Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ва Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия Фестивал-озмун байни худ қувваозмоӣ намуданд. 

Чорабинӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ифтихори солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гашт.

Дар фестивал-озмун директори Коллеҷи фарҳанг Идрис Оқилов, директори Коллеҷи техникию омӯзгорӣ Наҷмиддин Ширинзода, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Абдулло Сатторӣ ва дигар роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯлакӣ иштирок карда бо маҳорату малакаи баромадкунандагон ошноӣ пайдо намуданд.

Аъзоёни ҳакамон, ки аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши ноҳия иборат буданд, ба ҳунарҳои хӯриш таёр кардан, парпеч намудани кӯдак, видеороликҳо аз маҳорати кадбонугӣ ва хондани суруди аллаи иштирокчиён баҳо гузоштанд.

Аз рӯи баҳогузории ҳакамон донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг холҳои бештарро ба даст оварда, ғолиби фестивал-озмун гардиданд. Дар охир ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

М. Воҳидов,
Ноҳияи Рӯдакӣ