Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Симои зан–модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ мегардад

 

5 марти соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, дар намоиш аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари рассомон ва 8 нимпайкараи ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд. Дар асарҳо симои зан–модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни асри ХХ офарида шудаанд, ифода ёфтаанд.  Ҳар як асар нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд.

Дар намоиши мазкур асарҳои нодири рассомони барҷаста, аз қабили А. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Зебо Аминзода», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет», «Арӯс», А. Умаров «Модар», И.Л. Лисиков «Симои Зебуниссо Рустамова», А.Н. Камелин, «Симои Зебуниссо», П. П. Бенков «Духтари дуторнавоз», А.Т. Бесперстов «Дӯзанда Зиёда» ба тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар доираи намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки намоиш «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» то 15 марти соли равон  идома меёбад.

 

АМИТ «Ховар»