Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Садбарг-духтари гулноз»

 

Китобчаи мусаввар-афсонаи «Садбарг – духтари гулноз»-и нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов бо теъдоди 2000 нусха дар Маркази фарҳангии Осиё бо ибтикори Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ» -Ҷумҳурии Корея бо забонҳои тоҷикӣ ва кореягӣ барои бачаҳо интишор гардид.

Афсонаро рассоми кореягӣ Ким Сол Ми бо расмҳои ранга ва зебо оро додааст. 
Афсонаи мазкур бо забони русӣ низ таҳти унвони «Справедливая Садбарг» дар шакли китобчаи алоҳидаи мусаввар бо теъдоди 2000 нусха ба нашр расидааст.

Тибқи нақшаи Кумитаи Осиёгӣ афсонаи «Садбарг-духтари гулноз» дар радифи асарҳои дигар адибон дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хонандагони хурдсол дастрас мегардад.