Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар Озмуни миллии «Ҷоизаи миллии Боб»

 

Озмуни миллии мусиқии асил таҳти унвони «Ҷоизаи мусиқии Боб» аз ҷониби Маркази фарҳангии Бохтар бо мақсади ҳифз ва рушди санъати асили мусиқии халқи тоҷик, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи санъат ва навоварӣ баргузор мегардад.

Мӯҳлати супоридани дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 1 март то 31 майи соли 2019 идома меёбад.

Дар доираи озмун баргузории дарсҳои сайқали маҳорат, чорабиниҳои гуногун ва нишастҳои матбуотӣ барои рӯзноманигорон пешбинӣ шудааст. 

Гала консерти ҷамъбастии озмун тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озумн гузаронида мешавад. 

Хоҳишмандони иштирок маълумоти муфассалро оид ба шартҳои озмун аз сомонаи www.bobsmusicaward.tj ё тариқи телефони 2212558 пайдо карда метавонанд.